Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон дар доираи даври нуҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) оид ба футбол санаи 30-юми июни соли ҷорӣ вохӯрии дастаҳои “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ва “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ба вуқӯъ пайваст.
Қисми аввалӣ бозӣ ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Бозингарони дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, имкониятҳои зиёди голзаниро ба вуҷуд оварданд, ки дар натиҷа ҳуҷумкори даста Салоҳиддин Одиназода ба задани 3 тӯб ба дарвозаи ҳариф мушарраф гардид. Бозингарони дастаи меҳмон низ кӯшиши зиёд намуда дар қисми аввал ба задани як тӯб ноил гардиданд. Бо натиҷаи 3 – 1 қисми аввали бозӣ ба охир расид.
Дар қисми дуюми бозӣ футболбозони дастаи “Суғдиён”-и шаҳри Бӯстон ташаббусро ба даст гирифта голи дуюми худро ба ҳадаф расондиданд. Пас аз голи меҳмонон бозӣ ранги дигар гирифт ва дар натиҷаи ҳуҷумҳои пайиҳам футболбозони гулистонӣ ба задани 2 голи дигар даст ёфтанд, ки голҳоро ҳуҷумгарон Салоҳиддин Одиназода ва Ранҷид Ёрматов ба ҳадаф расониданд.






30 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус Ковид – 19 дар шаҳри Гулистон аъзои ситоди шаҳрӣ масъулини бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ноболиғон ва маркази санитарию эпидемиологӣ ба сокинони шаҳр дар нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ ва кӯчаву маҳал корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
29 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,













