17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Нурбахши деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара ташриф оварда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25-ро ифтитоҳ намуданд.
Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.
Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардид. Муассисаи навсохт аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, астраномия, табиатшиносӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, утоқҳои корӣ барои омӯзгорон ва кормандон, инчунин ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар муассиса маҳфили шоҳмотбозӣ амал мекунанд, ки хонандагон дар ин сабқати зеҳнӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара боздид намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ» дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғараро ба истифода доданд






17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара “Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосӣ ба таъминоти аҳолии деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз ба оби нӯшокӣ оғоз бахшиданд.
Тибқи нақша ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идора ва ҷамоати шаҳракҳои Гулистон рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзўи “Ваҳдат-сарчашмаи сулҳу суботи кишвар” муташаккилона ва дастҷамъона бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва толори бахши фарҳанг бо кормандони соҳаи тиб ва фарҳанг ба вуқӯъ пайваст.















