29.06.2021, шаҳри Душанбе
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 28-29 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Сарони давлатҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карданд, инчунин перомуни рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Бо изҳори вафодорӣ ба принсипҳо ва уҳдадориҳое, ки дар Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикӣ аз 26 майи соли 2004 сабт гардидаанд, ба мақсади минбаъд идома додани рушди муколамаи байнидавлатӣ дар асоси баробарӣ, эҳтироми мутақобила ва дӯстӣ, Сарони давлатҳо нуктаҳои зеринро баён менамоянд:






Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
28 июн Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
28 июн дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон Садир Жапаров бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.













