12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.
Ҳаҷми коркард, тахту ҳамворкунӣ ва кандану кашонидани маводи мухталиф ҳангоми тоза намудани паҳлуҳои чапу рост ва таҳкурсии ядрои сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» то имрӯз 2,6 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Хобонидани бетони ҳамворкунандаи тамғаи М300 аз сатҳи 960 метр мувофиқи релефи маҳал оғоз гардида, дар ҳаҷми 8000 метри мукааб хобонида шудааст.






12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои милллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 8 июли соли 2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати иди саиди Қурбон ва Рӯзи маъюбон" дар якчанд собиқадорони меҳнат ва маъюбонро аёдат намуд.
Имрӯз, 8 июли соли 2022, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар шаш моҳи соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.













