Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Иро, ки бо сафар дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ҳарду кишварро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуда, зикр карданд, ки «Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик буда, мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи бисёрҷанбаи ду кишвар дар ҳама шаклҳо ҳавасмандем».






Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати баррасӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28 июли соли 2022 ироа гардид, бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ҷаласаи васеи корӣ баргузор шуд.
28 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Имрӯз, 25 июли соли 2022 бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода машварати корӣ доир ба гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 баргузор гардид.













