Имрӯз, 22 июли соли 2022 зимни сафари корӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадори меҳнат ва сегоникҳоро аёдат намуда аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуд.
Зимни суҳбат аёдатшудагон шукронаи Ватан-Тоҷикистони соҳибистиқлол намуда, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва рушди босуботи кишвари соҳибистиқлол дуои нек карданд.






Субҳи имрӯз, 22 июли соли 2022, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади шиносоӣ аз раванди корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон сафари корӣ анҷом дод.
Имрӯз, 21 июли соли 2022 бо мақсади пешигирии амалҳои коррупсионӣ ва роҳ надодан ба ин амалҳои номатлуб дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси шаҳр муҳратам Раъно Ҳошимзода ва муовини сардори Раёсати Агенти назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маҳмадраҷаб Асозода ҷаласа баргузор гардид.
21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.














