Субҳи имрӯз, 19 июли соли 2022, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдарон сафари корӣ анҷом дод.
Нахуст роҳбари шаҳр ба раванди таъмиру барқарорсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва кӯдакистони "Офтобак"-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдарон шинос гардид.
Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ, раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ғалабаи футболбозони навраси гулистонӣ, дар даври аввали марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни наврасону ҷавонони (U18)-и минтақаи Суғд
- Баргузори хониши сиёсӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ
- Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Нгуен Суан Фук






Имрӯз, 19.07.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дар доираи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати пирони рӯзгордида Неделкина Нагия ва Ҳаитова Нориро ба роҳ монда, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуд.
Санаи 18.07.2022 бо сокинони маркази шаҳр доир ба таъмири намои берунии хонаҳои истиқоматӣ ва захираи маводи озуқаворӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси Ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 6-уми июли соли 2022 дар шаҳри Гулистон 18 июли соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нишасти матбуотии Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шашмоҳи соли 2022 баргузор гардид.
Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июл дар кишвар ҳамчун Рӯзи металлургҳо қайд карда мешавад. Имрӯз, якшанбеи сеюми моҳи июл Рӯзи металлургҳо дар ҶМТКММ “Апрелевка” таҷлил карда шуд.













