27 Август 2022
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо бо маром ҷараён доранд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар кӯчаи Гулистони маркази шаҳр имрӯзҳо мумфаршнамоии кӯчаҳо идома дорад.
Дар асоси нақшаи зерин чаҳор кӯча бо масофаи 1,2 км пурра мумфарш карда мешавад.
Дар назар аст, ки давра ба давра дигар кӯчаҳо низ мумфарш карда мешаванд.