Матни равон

Муҳтарам кормандони соҳаи тиб,

Собиқадорону табибони гиромӣ,

Муҳтарам ҳамшираҳои шафқат,

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Бо таманниёти беназир ва фараҳмандии бепоён ҳузури Рӯзи кормандони соҳаи тибро, ки ҳамасола 18 август дар рӯзи милоди хуҷастаи умри файласуф, алломаи машриқзамин, Абӯалӣ ибни Сино тавъам омада, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад таҳният гуфта, бароятон саодату зафармандӣ ва дар амри сиҳатбахшии аҳолӣ ва таъмини солимии миллат муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.

Воқеан имрӯзҳо, ки дар саросари олам хуруҷи бемории сироятии коронавирус доман паҳн карда буд, ягона умеду орзуи мардум ва аҳли сайёра ба неруву тавон ва ақлу заковати табибони ҳозиқ равона гардида, мардум ба табибон ҳамчун қаҳрамонони замон, ки дар мубориза бо вабои аср даст ба гиребон мебошанд назар намуда истодаанд. Дар ҳақиқат саҳми босазо ва арзандаи Шумо табибони гиромиқадрдар сиҳатмандии аҳолӣ басо назаррас арзёбӣ гардида, бешак корномаҳои якояки Шумоёни азиз қобили зикр ва шоистаи таҳсин мебошад.

Мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ вазъи дар ҷаҳон баамаломадаро таҳлил намуда, барои пешгирӣ кардани паҳншавии он ҳамаи тадбирҳои фавриро андешидем ва корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ба роҳ мондем.

Соли 2020 барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ҷоннисориҳо нишон доданд.

Ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, дар кишвари мо низ пайдо гардида буд.

Қобили зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии шањр аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, онро мисли дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карданд.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва меҳварии ҳаёти ҷомеа маҳсуб ёфта, ин аст, ки ҷиҳати рушди бонизоми соҳаи тандурустӣ мунтазам тадбирҳои судманд ва ҳамешагӣ андешида мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар  самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳтишиори «Солимии миллат боигарии давлат» ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст.

Бахусус дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон сохта мавриди истифода қарор додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири муоинавӣ, муолиҷавӣ ва ёрирасон, дар давлатҳои хориҷ ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахассисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва кормандони соҳа ва дигар тадбирҳои муҳим ҷиҳати рушди соҳа ба кор гирифта шуда истодааст, ки шоистаи зикр мебошад.

Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин давра ислоҳоти сохтори тандурустии мамлакат оғоз шуда, то ба имрӯз бомаром идома дорад.

Тавре дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ моҳи майи соли 2020 Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хушнудӣ аз саҳми шоистаи табибону ҳамшираҳои тиб дар амри сиҳатбахшии аҳолӣ ва хизмати хубу бобарори онҳо таъкид намуданд: «аз номи Ҳукумати мамлакат, шахсан аз номи худ ба ҳамаи табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар ин рӯзҳои вазнин ба шаҳрвандони кишвар дармон бахшида истодаанд, изҳори ташаккур намуда, ба ҳар кадомашон, пеш аз ҳама, тани сиҳат ва барори кор мехоҳам».

Бобати татбиқи муваффақонаи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии мамлакат, масъалаи рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, бо мақсади саҳмгузорӣ ба рушди соҳа бо иқдоми наҷиби Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тадбирҳои мушаххас рӯи кор гирифта шуда истодааст.

Агар ба дастовардҳои соҳаи тандурустии кишвар ва шаҳрамон назар афканем баръало аён мегардад,ки ки кулли пешрафт ва мувафақиятҳои соҳа зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.Айни замон дар шаҳр 31 адад муассисаҳои тандурусти бо 105 нафар табибон 354 нафар ҳаширагони шавқат фаъолият мебаранд ки бисъери  муассисаҳои тандурусти дар даваи соҳибистиқлоли кишвар бунёд ва барқарор шуданд.

Дар қаламрави шаҳр   7-адад  марказҳои саломати, 6-адад  беморхонаҳо, 3-адади хонаҳои  саломатӣ,  5 осоишгоҳҳо, 1-адад  Маркази ташхисиву табобатӣ, Маркази солимгардонии Усморҷон, маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологи, умури безараргардони,  маркази солимгардонии ва табобатии Абдуқодир Ҷабборзода, Маркази тиббии хусусӣ, муассисаи давлатии  “Маркази пешгирӣ ва мубриза бар зидди бемории вируси норасогиии масъунияти одам” 1-адад коллељи ғайридавлатии тиббӣ ва тибқи омор 5-адад  марказҳои барномаҳои миллӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ҷониби Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба Беморхонаҳои марказии шаҳри  Гулистон дар нимсолаи якуми соли равон 5 намуд таҷҳизотҳои муоинавӣ, 21 намуд таҷҳизотҳои ёрирасони тиббӣ ва 5 намуд лавозимотҳои тиббӣ ҳамагӣ ба маблағи 1млн 199-ҳазор сомони ворид карда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиишаҳри Гулистон низ баҳри рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст.

Таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, мутахассисони варзида ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зери тавваҷҷуҳи ҳамешагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Аз ин рў роҳбарияти соњаи тандурустиро мебояд, ки барои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва баландихтисос тадбирњои зарурӣ андешад.

Боварии комил дорем, ки табибони мо минбаъд ҳамчун ворисони Синои оқил барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри иҷрои рисолати амалигардонии нақшаву ниятҳои наҷиб ва саҳмгузорӣ дар раванди солимии миллат – кафили рушди босуботи Тоҷикистон ва беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Бори дигар бо чунин таманниёти беназир ҳузури хуҷастаи иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи тибро ба ҳамаи Шумо таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат ва маҷмӯи хушиҳои умрро таманно дорам.

ИД МУБОРАК ТАБИБОНИ АРҶМАНД!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:362
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12611
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:66164
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7708084

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?