
13 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Маҷмааи муосири варзишию фароғатӣ, ки аз толори муҳташами варзишии «ЮФСИ ҶИМ» (UFC Gym) ва Академияи футболи «Ювентус» иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Маҷмааи варзишию фароғатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – Раиси Шӯрои гурӯҳи ширкатҳои “55 Групп” Даврон Ҷӯраев ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа бо харҷи зиёда аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ назир надорад.






Имрӯз, 12.09.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз раванди таъмири маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр дидан намуд.

Имрӯз, 09.09.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибатии 31-солагии Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.













