Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Си Ҷинпин
Самимонатарин табрикоти ин ҷонибро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин бипазиред.
Дубора интихоб гардидани Шумо ба ин маснади сермасъули ҳизбӣ обрӯву эътибори баланди Шумо ва аз ҷониби ҷомеаи Чин қатъиян дастгирӣ ёфтани шоҳроҳе, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаатон ба рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар минбаъда, инчунин ба таҳкими пайвастаи мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб» — ро мавриди истифода қарор доданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пули мошингузарро мавриди истифода қарор доданд


























