
18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори конфронс намояндагони воломақоми расмии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот иштирок карда, роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳоро муҳокима намуданд.
Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор шуда, идомаи мантиқии “Раванди Душанбе” мебошад, ки моҳи майи соли 2018 зимни аввалин конфронси минтақавии Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид якҷо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.








Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба баргузории суҳбату мулоқотҳо ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҳолати даст ба худкушӣ задани ҷавонону наврасон бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Ҳамватанони азиз!















