Матни равон

Имрӯз, 08.08.2026 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии идона баргузор карда шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба ин муносибат кулли варзишгарон, мураббиёни ва собиқадорони соҳаи варзишро барои ноил шудан ба дастовардҳои баланди варзишӣ таҳният намуд.

Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди неки мардуми сарбаланди кишвар ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, татбиқи ормонҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинон ва махсусан соҳаи варзиш заминаи мусоид фароҳам овард.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад».

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузошт.

Сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам овардааст, ки варзишгарони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва ҷойгоҳи хоса касб намоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он беш аз 137 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмуъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст.

Варзишгарони шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар маҷмуъ соҳиби 568 медал гардиданд, ки 15 медал аз мусобиқаҳои байналмилалӣ низ ба даст овардаанд.

Дар шаҳр як мактаби варзишии кӯдакону наврасон фаъолият дорад, ки кӯдакону наврасон ба машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиш фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин давра 125 маротиба мусобиқаҳои деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни ташкилоту идораҳо оид ба намуди футбол, волейбол, гуштин ва шашкаю шоҳмот ташкил ва баргузор карда шуд.

Изҳори итминони карда шуд, ки минбаъд низ варзишгарони шаҳр барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ҷидду ҷаҳд намуда, обрӯ ва нуфузи шаҳри Гулистонро шоиста муарифӣ хоҳанд кард.

Дар вазъи тантанавӣ як қатор варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони соҳа бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Сипас аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр баҳри болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2038
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2903
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4941
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40276
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9852006

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?