Матни равон

Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва ба 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров туҳфа тақдим карданд.

Маҷмааи хизматрасонии «Тоҷи заррин» аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Маҷмааи хизматрасонӣ дар масоҳати 0,21 гектар ҷойгир буда, барои қабули 300 нафар дар як вақт омода мебошад.

Иншоот аз ҷониби соҳибкор Раъно Ҳоҷиматова бунёд гардида, бештар аз 30 нафар коргари ҶДММ «Канд-сохтмон» тадбирҳои сохтмониро ба анҷом расониданд. Дар Маҷмаи хизматрасонии «Тоҷи заррин» 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд ва барои бунёди он зиёда аз 6 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин” бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров мулоқот анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Ташаббуси башардӯстона дар заминаи ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа роҳандозӣ гардид, ки хусусияти доимӣ касб карда, нишонаи раъиятпарварӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:820
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20801
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50766
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692686

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?