Матни равон

Дар толори ҷамоати шаҳраки Сирдарё тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии № 15 “Гулистон”, Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо интихобкунандагони шаҳрак баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси вилоятӣ доир ба раванди фаъолияти вакилӣ дар ҳавзаи интихоботӣ, нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ва таҷлили шоёни иди бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи марбут ба одоби фарҳанги шарҳнишинӣ ва масоили тавсеаи корҳои ободонию созандагӣ суханронӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ҳудуди шаҳр ба ифтихори ҷашни бошукӯҳи миллӣ дар доираи чорабиниҳои 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудани беш аз 180 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар шаҳраки Сирдарё ба истифода дода шудани беш аз 10 иншоот дар назар аст. Аз ҷумла, чор иншоот дар соли 2018, панҷ иншоот дар соли 2019, як иншоот дар соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, тасмим гирифта шудааст, ки якҷоя бо иштироки бевосита ва фаъолонаи сокинони шаҳрак чунин иншооти иҷтимоӣ, аз қабили сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва бачагона, нуқтаҳои хизматрасонии савдо, барқароркунии Хонаи маданияти шаҳрак, ҳаммоми шаҳрак, майдони баргузории чорабиниҳои фарҳангии шаҳрак ва амсоли инро ба нақша гирифта шудааст. Имрӯз корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии шаҳру шаҳракҳо идома дошта, гулгашту кабудзоркунӣ дар тамоми маҳалли зист тақвият меёбанд.

Тазаккур дода шуд, ки алҳол дар ҳудуди шаҳри Гулистон барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ муташаккилона идома дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, сиёсӣ ва маънавӣ истиқбол ва таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираву имкониятҳо мавҷударо истифода бурда, барои бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ҷашн гирифтани иди муқаддаси миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Дар ин замина номгӯи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ -  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳр рӯз то рӯз такомул ёфта, дар натиҷаи корбарӣ дар байни сокинон ва соҳибкорон теъдоди иншооти ҷашнӣ меафзояд. Ин далолат ба он мекунад, ки дар ҳақиқат гулистониён муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи шоиста истиқбол намудани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гарму ҷӯшон пазируфта, дар амалӣ намудани он азми ҷиддӣ, суботи комил  ва нерӯи созанда доранд.

Интихобкунандагон Зариф Пулодов, Бурҳон Наҷмиддинов, Анвар Атаев, Адолат Нурова, Илҳом Наҷмиддинов баромад намуда, роҷеъ ба истиқболи шоёни ҷашни бузурги миллӣ ва тавсеаи корҳои созандагӣ дар партави сиёсати фардосози Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4640
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12062
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90449
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630294

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?