Оила дар ташаккули инсон аҳамияти муҳими аввалиндараҷа дошта, нахустин заминаи иҷтимоии шахс маҳсуб меёбад. Ин аст, ки дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад. «Соли оила» эълон шудани соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат, ин худ тасдиқи гуфтаҳои болост. Ҳадафи аслии ин иқдоми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон албатта, баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа буда, он ба тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои хуби муошират байни аъзоёни оила равона шудааст.
Дар «Осоишгоҳи Баҳористон» чорабинии шаҳрӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила баргузор шуд. Маҳфил таҳти унвони «Оила – сарвати бебаҳои ҷомеа» мутобиқ ба нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум, кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон» ба вуқӯъ пайваст.






Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Акси садои он рӯзҳои пурталотум, он набарди ҳаёту мамот ҳар қадар ба саҳифаҳои таърих дохил гардад, шаҳомату бузургии он ҳамон қадар барҷастатар аён мегардад. Ёди он айём дар мағзмағзи қалби онҳое, ки дар майдони ҳарб сина сипар кардаанд ё дар ақибгоҳ шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта Ғалабаи бузургро наздик кардаанд, абадӣ ҷой гардидааст.














