Зиёда аз 50 сол аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Ворух, Чоркўҳ ва Сурхи ноҳияи Исфара ба ҳайси омўзгори фанҳои забону адабиёти тоҷик кор мекунам. Бо дарназардошти хизматҳои тўлонӣ ҳукумати шаҳри Исфара маро барои табобат ба осоишгоҳи «Шифо»-и шаҳри Гулистон фиристод.
Дар муддати табобат аз муолиҷаву суханони рўҳбахши сардухтур, номзади илми тиб, асабшинос Шарифҷон Абдуллоев ва пизишкону кормандон маслиҳатҳои судбахш ва табобат гирифтам. Бо ин навишта мехоҳам миннатдории худ ва ҳамҳуҷараҳоям М.Ахмедов аз Исфара, Нуруллоева аз Гулистон, Норматов аз Хуҷанд ва дигарон аз шаҳрҳои Истаравшан, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Конибодомро баён намуда, ба табибони ҳозиқ барору комёбӣ таманно намоям.
Мирзоҳикмат Маҳкамов,
Аълочии маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини деҳаи Ворухи Исфара






Таҳти раёсати Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид. Дар оғоз Раиси шаҳр тазаккур дод, ки ҳарчанд аз ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» даҳ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале ҳанўз дар татбиқи он баъзе нуқсонҳо ба назар расида, аз ҳар як фаъоли ҷомеа тақозо мешавад, ки ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани бандҳои он корҳои тарғиботӣ-ташвиқотиро тақвият бахшанд.
Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода, дар Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳо барои шарҳи Паёми Пешвои миллат ҷамъомаду мулоқот, вохўрию суҳбатҳо роҳандозӣ мешаванд.
АДРАСМОН. Варзиш гарави саломатӣ буда, ҳар нафаре, ки ба тарбияи бадан машғул мешавад, ҳам ҷисман ва рўҳан солим мебошад.















