Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси машваратӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Дар машварат масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаи саноати шаҳр дар соли 2016 ва бастани уҳдадориҳои истеҳсолӣ барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар машварат мудирон, сарварони шуъбаву бахшҳои МИҲД, роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр, сохторҳои дахлдор, мақомоти андоз ва раёсати молия ширкат варзиданд.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода машваратро ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки даромади асосии аҳолии шаҳр аз ҳисоби машғул гардидан дар соҳаҳои саноат, соҳибкорӣ, пардохти нафақапулӣ ва интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар соли 2016 ба маблағи 2 миллиарду 129 миллиону 523,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 142,3 фоизро ташкил дод ва ин нишондиҳанда ба маблағғи 633 миллиону 341,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.






Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва тибқи нақшаи ҷадвали МИҲД-и вилояти Суғд аз 30-юми декабр нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла рўзномаҳои «Садои мардум», «Минбари халқ», «Азия-плюс», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Шуълаи умед», «Саломат бошед», «Лочин», «Ризқофарин», маҷаллаҳои «Паёми Суғд», «Ноҳид», шабакаи якуми Радиои Тоҷикистон, телевизиони вилояти Суғд, радиоҳои «Садои Хуросон», «Озодӣ», рўзномаҳои шаҳрии «Соҳил» ва «Гулистони дониш» иштирок намуданд.
Қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои Тоҷикистон мояи ифтихори бузург аст. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои қаблии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла оид ба эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун ташаббускор эътироф шудааст.















