Матни равон

9-уми август дар толори Ҷамоати шаҳраки Сирдарё семинар-машварати дастурдиҳии Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат доир гардид.

Семинар-машварат бо қироати баромади Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода аз ҷониби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода оғоз ёфт.

Раиси Ҷамоати шаҳраки Сирдарё Ойнисо Раҳматова роҷеъ ба тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни пуршукўҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зад. Доир ба таҷрибаи корӣ ва ташкили гўшаю ҳуҷҷатгузорӣ раиси ташкилоти ибтидоии Шўрои собиқадорони шаҳраки Сирдарё Султонбердӣ Каримбердиев баромад намуд.

Дар вилояти Суғд ғолибони ду даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чониби Сарвари давлат эълон гардидааст, муайян шуданд.

Аз рўи натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа 18 маҳалла, 14 деҳа, 9 деҳот ва 8 шаҳрак соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла намунавӣ, якум, дуюм ва сеюм сазовор гардида, бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Нерўгоҳи Барқи обии «Қайроққум», ки яке аз нерўгоҳҳои куҳансолтарини Тоҷикистон ба шумор меравад, таҷдид мешавад.

Барои ин нерўгоҳ аз ҳисоби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо 70 млн.доллар маблағ ҷудо шудааст ва баъд аз таъмиру барқарорсозии 2 агрегат ва трансформаторҳо тавоноии нерўгоҳ аз 126 ба 148 мегаватт расонида мешавад.

Ғолиб омадани Консой дар мусобиқаи беҳтарин шаҳрак дар Гулистон, ки ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст бе ваҷҳ нест. Ҳадафи асосии мусобиқаи мазкур, ки бо амри Президенти мамлакат  ҷараён гирифт, қабл аз ҳама беҳтар кардани вазъи иқтисодиву иҷтимоиёти маҳал, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, таъмину татбиқ кардани барномаҳои гуногун, ободониву кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, самаранок ва мақсаднок баҳрабардор кардани неъматҳои табиати диёр мебошад.

Воқеан ҳам ҷиҳати амалӣ кардани он шартҳои мусобиқа, ки дар низомнома омадааст бошандагони Консой дар давоми 10 соли охир корҳои зиёду назаррасро ба субут расонидаанд. Имрўз симои шаҳрак ба куллӣ тағйир ёфта, зина ба зина ва марҳила ба марҳила рушд мекунаду пеш меравад. Фаъолияти мўътадилу бомароми ҶМ ТКММ «Апрелевка» чун гиреҳкушои кулли мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрак мусоидат мекунад, ки дар баробари бо ҷойи кор таъмин кардани сокинони маҳалӣ ба ривоҷу равнақи корҳои ободониву созандагии шаҳрак: таъмири роҳҳову муассисаҳои тандуристиву маориф, варзишу фарҳанг ба таваҷҷуҳи бештару беҳтар зоҳир кунад.

Имрўзҳо дар тамоми гўшаю канори кишвар барои истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллат биступанҷумин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон омодагиҳо идома дорад.

Дар ин рўзҳои фараҳбахш шодии мо, як гурўҳ сокинони шаҳраки Чоруқдаррон ҳадду канор надорад. Солиёни зиёд боз иҷоранишин будем. Бо ибтикори Раиси шаҳри Гулистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Матлубахон Амонзода ва дастгирии роҳбарияти ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод” соҳиби манзили истиқоматӣ гардидем. Мо шукрона аз истиқлол ва ифтихор аз соҳибватанӣ менамоем. Ҷавобан ба ин ғамхорӣ минбаъд низ тамоми саъю кўшиши хешро баҳри таҳкими Ваҳдати миллию ободии кишвари азизамон сафарбар карда, баҳри татбиқи сиёсати башардўстонаю ободгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоён хоҳем гузошт.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2290
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2001
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13464
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:42023
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7774413

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?