Матни равон

Созмони номафҳуми КШНГЗТ, ки шартан онро АБВГДейка меномем,  хилофи имлои забони тоҷикӣ иншо шудааст ва касе намедонад ин чӣ мафҳум аст, хостори таъсиси комиссия барои таҳқиқи куштори маҳбусон дар зиндон шуд. Ин хабарро сомонаи оппозитсияи фирорӣ, ифротӣ ва зиддимиллӣ payom.net нашр кардааст.

Шахси зиндонӣ, хосатан касе ки мансуби ҳаракатҳои террористӣ мебошад ва адои ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ мегузаронад, ба ҳеч сурат умед надошта бошад, ки дар маҳбас барои ӯ шароити осоишгоҳи «Баҳористон»-ро таъмин мекунанд. Зиндон барои ислоҳи гуноҳ аст ва низоми шадид аз ин қарор аст, ки ба дарки озодӣ ва волоияти қонун бирасад. Дар ҷомеа, ин гуна ашхос ҷойгоҳ надоранд. Ин қонуни умумибашарист. Дар Бразилия моҳе пеш ошӯби зиндониён шуд, новобаста аз сару садоҳои гуногун, ошубгарон ба мукофоти амалашон расиданд. Бразилия ҳамчун аъзои БРИКС яке аз кишварҳои пешрафтаи Америкаи Лотинӣ аст. Дар ин росто, яъне зарбаи дандоншикан ба маҳбусони хатарнок иттифоқи орои ҳукумат ва оппозитсия ба вуҷуд омада буд. Оппозитсияи тоҷик чӣ? Ҷаҳолатпароканӣ ва душмантарошӣ. Кӯшиши ба таври тадриҷӣ нест кардани даватдори миллӣ, ки ин қасдашоноо ба гӯр мебаранд. Дар пайи тавтиа ва сиёҳкунии давлати миллӣ аст, оппозитсияи ҷоҳил.

Бармегардем сари зиндони Хуҷанд ва таъсиси комиссияи машкук, ки оппозитсия пешниҳод мекунад. Барои маълумоти ТТЭ ҲНИ ноэҳтиромона расонида шавад, ки аъзоёни ДОИШ, ки адои ҷазоро дар ин зиндон мегузаронанд, шуморо «карматӣ» ва «рофизӣ» садо мекунанд. Сари як хон онҳо бо шумо намешинанд, онро куфр медонанд.  Кабириро «бериш» садо мекунанд. Дар хуни шумоякҳо, мухолифони берешаву бум ва сатҳинигару бесавод ташна мебошанд.

 

Фидоев А. сиёсатшинос.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:112
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2454
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11065
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17164
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40003
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:91832
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1523083

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?