Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон давраи шаҳри фестивал-озмуни “Атласу адраси Суғд” баргузор гардид. Дар фестивал-озмуни шаҳрӣ беш аз 100 нафар иштирокчиён аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои Консой, Чоруқдаррон, Сирдарё ва Адрасмон ширкат варзиданд.
Иштирокчиён аз рӯи намудҳои либосҳои беҳтарин, ки аз атласу адрас дӯхта шудаанд, либоси кӯдакона, либоси расмӣ, либоси идона ва либоси арӯсию домодӣ байни ҳам қувва озмуданд. Махсусан маҳорати омода сохтани либосҳои кӯдакона бо иштироки беш аз 40 нафар иштирокчиён хеле самимӣ ва шавқовар ба вуқӯъ пайваста, тамоми иштирокчиён бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, ҳайати ҳакамон иштирокчиёни ғолибро дар номинатсияи либоси кӯдакона: иштирокчиён таҳти рақамҳои 8, 55, 57, дар намуди либоси расмӣ иштирокчиён таҳти рақамҳои 88, 26, 29, дар номинатсияи либоси идона иштирокчиён таҳти рақамҳои 72, 13, 90 ва дар намуди либоси арӯсию домодӣ иштирокчиён таҳти рақами 40, 74 ва 77 муайян карданд. Ба ғолибон туҳфаҳои қимматноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.






Дар майдони нимпайкараи устод Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ маҳфили рангини “Соҳибқирони шоирони ҷаҳон” тибқи нақша ҷараён гирифт. Масъулини китобхонаи марказии шаҳр (директораш Биомина Мирзоева) намоиши китобҳои нашршуда доир ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакиро манзури хонандагон намуданд.
Дар рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ мавзӯи “Забони модарӣ – забони назми оламгири Рӯдакӣ” мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.













