10 июн дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.
Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карданд.
Дар ҳақиқат боду ҳавои фораму обҳои тозаи ин мавзеъ ба руҳи инсон ҳаловат мебахшад. Ин макон бо фазои мусоид ва табиати сабзаш макони мулоқот, сайру гашт ва тамошои меҳмонони сатҳи олӣ, аз ҷумла Сарони давлатҳои хориҷ гардидааст.