Матни равон

30-юми сентябр Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон аз муассисаи таълимии томактабӣ №21 ва муассисаҳои таълимии №4 ва №13-и ҷамоати шаҳрак дидан намуд.

Зимни боздид Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз вазъи муассисаҳои таълимӣ огоҳ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ барои таҳсили хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, муассисаҳои таълимӣ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 омода мебошанд.

Раъно Ҳошимзода ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дастуру супоришҳои мушаххас дод.

30-юми сентябри соли равон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии иҷлосия XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мумфаршкунии роҳҳои деҳаҳои Гулдара ва Гулшани Ҷамоати шаҳраки Адрасмон оғози расмӣ бахшид.

Зимни суҳбат бо сокинон ва иштирокдорони маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ роҳбари шаҳр аз муҳайё гардидани шароити хуби кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат ва беҳтар шудани вазъи некӯаҳволии халқ ёдовар шуда, бо ташаббус ва саҳми сокинони маҳаллӣ амалӣ гардидани чунин иқдоми ватандӯстонаро намунаи равшани садоқат ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ унвон дод.

Омӯзгорони арҷманд!

Касби омӯзгорӣ, фаъолияти ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ ва заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори иззату эҳтиром мебошад.

Омӯзгор машъали фурӯзон аст, ки тинати мардумро нур мебахшад. Нақши омӯзгор, махсусан дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон ба маротиб афзуд.

Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии муассисаҳои таълимӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро «Ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» номидаанд. Ҳукумати Тоҷикистон баҳри пешрафти кори муаллим ва беҳбудии рӯзгори ӯ пайваста ғамхориҳо мекунад.

Имрӯз, 30.09.2022 ба ифтихори 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар толори мактаби санъати маркази шаҳр маҳфили илмӣ адабӣ баргузор карда шуд. Дар даромадгоҳи мактаби санъат намоиши асарҳои ин мутафаккири барҷаста ба намоиш гузошта шуд.

Дар маҳфили илмӣ-адабӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони бахши фарҳанги шаҳр, КИ ҲХДТ дар шаҳр ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Нахуст, директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр Биомина Мирзоева ҳамагонро ба маҳфили илмӣ-адабӣ хушомадед гуфт.

29 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст «Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Ғаффор Ҷабборӣ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ноҳияи Шаҳритус субвенсионӣ буда, ҳар сол зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети маҳаллӣ ворид мегардад. Дар 6 моҳи аввали соли 2022 нақшаи буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ва буҷети маҳаллӣ 28 миллиону 669 ҳазору 500 сомонӣ иҷро шуд, ки 103, 6 фоизи нақшаи андозро ташкил менамояд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3834
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5199
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15429
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50764
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9862494

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?