Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи иди касбии омӯзгорон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бо иштироки омӯзгорон, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи Кохи фарҳангии “Истиқлол” намоиши дастовардҳои соҳаи маориф ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.
Бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии ботантана оғоз гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон табрик намуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суѓд, сардори раёсати маорифи вилоят Набизода Мадина Раҳмат низ иштирокчиёнро ба ин муносибат таҳният гуфт.






Субҳи имрӯз, 01.10.2022 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Гулистон маросими ботантана гуселонидани даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Таҳти ин унвон имрӯз, 01.10.2022 намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.
Имрӯз 01.10.2022 дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.
30-юми сентябр Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни сафари корӣ дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон собиқадорони соҳаи маориф Турғунбой Тиркашев ва Турдихон Умурзоқоваро аёдат намуд.














