Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо бо фарорасии ҷашни Меҳргон — яке аз куҳантарин ойинҳои мардуми куҳанбунёди тоҷик, ки айёми ҷамъоварии маҳсули заҳмати кишоварзон, айёми фаровонӣ ва шодиву нишот мебошад, самимона табрик мегӯям.
Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дорад ва инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад.
Яъне Меҳргон ҷашнест, ки бар асоси қонунҳои табиат, баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосилоти кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст.






Имрӯз, 15.10.2022 намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.
Соҳибкорони гиромӣ!
Имрӯз, 15.10.2022 дар шаҳр аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд.
14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия» бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.














