
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро дар робита ба ҷашни 70-солагиатон қабул фармоед!
Ба Шумо ҳамчун сарвари қавӣ, хирадманд ва матинирода қатъият дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Шумо хос аст. Дар ин робита мехоҳам саҳми беандозаи Шуморо дар кори рушд ва шукуфоии Россия, инчунин таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр намоям.






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо самимияти афзун ва муҳаббати ҷовидона Шуморо ба санаи мубораки 70-умин солгарди мавлудатон таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, шукуфоиву саодати ҳамешагӣ, умри бардавом, рӯзгори хушу осуда ва бахту иқболи баланд таманно менамоем.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!















