Матни равон

Имрӯз, 10.06.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода рӯзноманигори варзида, сокини шаҳри Гулистон Ӯлмас Эркаев (Ҷовиди Аштӣ)-ро ба муносибати 65-солагии зодрӯз муборакбод намуд.

Мавриди зикр аст, ки Ӯлмас Эркаев соли 1985 баъди хатми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ба номи Жданов А.А. бо роҳхат ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, фаъолияти меҳнатии худро дар Саридораи барномаҳои иттилоотии “Хабарҳои охирин” аввал ба ҳайси муҳаррир, баъдан муҳаррири калон, шореҳи иктисодӣ ва варзиш оғоз намуда, то соли 1997 фаъолият намудааст.

Сипас, аз соли 1997 то соли 2007 ҳамчун хабарнигори махсуси радиои Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва аз соли 2007 то ба имрӯз мухбири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” дар вилояти Суғд фаъолият бурда истодааст.

Ӯлмас Эркаев чун мухбири парлумонии радиои Тоҷикистон аз соли 1987 кулли ҷараёни кори иҷлосияҳои Шурои Олии Тоҷикистонро дар барномаҳои “Ахбор”-и радио инъикос намуда аз нахустин хабарнигорони ВАО-и ҷумҳурӣ мебошад, ки 9 сентябри соли 1991 муждаи соҳибистиклолии Тоҷикистонро ба мардум расонид. Ҳамчунин, чун мухбири парлумонӣ аз рӯзҳои нахусти оғози Иҷлосияи 16-и Шурои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб иштирок намуда, ҳамарӯза ҷараёни кори ин ҷаласаи сарнавиштсозро тавассути барномаҳои иттилоотӣ инъикос карда, шунавандагони радиои кишварро бо иттилои фаврӣ таъмин менамуд.

Натиҷаи фаъолияти пурсамар буд, ки мавсуф барандаи ҷоизаи вилоятии бахши суғдии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ ва ҷоизаи адабии ба номи Лоҳутӣ гардид. Ҳамчунин, борҳо бо сипосномаву ифтихорномаҳои мақомотҳои гуногун сарфароз гардидааст.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба рӯзноманигори варзида таманнои саодатмандиву сарбаландӣ ва некрӯзиву комронӣ карда, туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:157
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2090
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11776
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14643
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:26419
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:82840
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8702840

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?