29 Май 2025
Имрӯз, 29.05.2025 дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид.
Дар маросими савгандёдкунии сарбозони навдаъватшуда муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳимзода, муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода, Додиён Баҳром Одина, полковник, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, Шуҳрат Алиев сардори бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, командири қисми ҳарбӣ Қурбонзода Хусрав ва дигар шахсони масъули қисми ҳарбӣ, волидайни наваскарон ва ҷавонони шаҳри Гулистон, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иштирок намуданд.
Маросими савгандёдкунии наваскарон бо пешниҳоди гузориш ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар фазои тантанавӣ наваскарони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд савганди садоқат ба халқу Ватанро қабул намуданд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳимзода, муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тўлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.
Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрўз Артиши Миллии мо ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.
Хизмат ба Ватан пеш аз ҳама қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар шаҳрванд мебошад.
Ба наваскарон барои хизмати софдилонаву садоқатмандона ба халқу Ватан, вафодор мондан ба савганди ҳарбӣ ва бо сари баланд ба итмом расонидани хизмати ҳарбӣ барори кор таманно карда шуд.
Баъдан модари наваскар ва навдаъватшавандае дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
Сипас, масъулин бо падару модарони наваскарон ҳамсуҳбат гардида, доир ба шарту шароити хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбӣ ва аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар доир ба ин соҳа ёдовар гардиданд. Волидайн аз вазъи қисми ҳарбӣ дидан намуданд.
Дар фарҷом санъаткорон барномаи рангини фарҳангиро манзури сарбозону афсарон намуданд.