15 Май 2025
Санаи 14-уми майи соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол”-и маркази шаҳр дар асоси фармоиши Раёсати фарҳанги вилоят таҳти №34 ва фармоиши бахши фарҳанги шаҳри Гулистон таҳти рақами №15 даври шаҳрии озмуни вилоятии “Шукуфаҳои Истиқлол” бо иштироки муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, директори китобхонаи вилояти бачагона ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Муродзода Муаззам, собиқадори соҳаи китобдорӣ Усмонова Мақсуда, сардори шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиётҳо Бобоҷонова Биорифа, сардори шуъбаи хизматрасонии синни томактабӣ Турсунова Саодатхон, мудири шуъбаи маориф Каримӣ Дилрабо байни 10 нафар тарбиятгирандагони гурӯҳи тайёрӣ ба мактабии кӯдакистонҳои шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Иштирокчиён аз рӯи 5 шарти озмун муаррифӣ намудани худ, қироати шеър аз ашъори шоири бачагона Наримон Бақозода, кашидани расм дар мавзуи “ Рамзи сулҳ”, аз рӯи расм ботартиб ҷобагузории реҷаи худ, иҷро кардани рақс ва ё суруд дар оҳанги миллии кӯдакона қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз тарафи аъзои ҳакамон ҷойи аввал сазовори тарбиятгирандаи кӯдакистони “Ситора”-и шаҳр Раҳимӣ Раънохон ва тарбиятгирандаи кӯдакистони “Суғдиён”-и шаҳр Умедҷонзода Марям, ҷойи дуюм сазовори тарбиятгирандаи кӯдакистони “Офтобак”-и шаҳр Ахмедзода Нурбону ва тарбиятгирандаи кӯдакистони “Бунафша”-и шаҳраки Адрасмон Фаррухзода Маҳастӣ, ҷойи сеюм сазовори тарбиятгирандаи кӯдакистони “Уқобак”-и шаҳраки Консой Сайдуллои Хайём ва тарбиятгирандаи кӯдакистони “Офтобак”-и шаҳраки Чоруқдаррон Султонзода Нигина, ҷойи чорум сазовори тарбиятгирандаи кӯдакистони “Офтобак”-и шаҳраки Зарнисор Раҳмонзода Гулреза ва тарбиятгирандаи кӯдакистони “Баҳор”-и шаҳри Гулистон Ҳусенхоҷаева Омина, тарбиятгирандаи кӯдакистони “Бобуна” шаҳраки Сирдарё Муҳаммадзода Зулола, сазовори “Шоҳҷоиза” тарбиятгирандаи кӯдакистони “Парасту”- и шаҳри Гулистон Зафарзода Меҳронахон дониста шуда ва ба ғолибони озмун ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ғолиби даври аввали озмун тарбиятгирандаи кӯдакистони “Парасту”-и шаҳри Гулистон Зафарзода Меҳронахон барои иштирок ба даври вилоятии озсун роҳхат гирифт.