01 Май 2025
Санаи 29.04.2025 дар ҶДММ Осоишгоҳи "Баҳористон"-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Оилаи беҳтарин", ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор гардид. Дар озмун масъулини шаҳрдорӣ муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши кор бо занон ва оила Матлуба Сатторова, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Каримӣ, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Каромат Қосимова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Шарифа Отаҷонова ва директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр Бибиомина Мирзоева иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён суханронӣ карда, зикр намуд, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаҳои муҳаббату эҳтироми якдигар, баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои оила дар иҷрои рисолати иҷтимоишавии шахс дар муҳити оила, пешгирии пошхӯрии оила, махсусан, оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, пешгирии ҳолатҳои дахолати беасоси шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ гузаронида мешавад.
Тибқи талаботи низомномаи озмун ғолибон аз рӯйи муқаррароти зерин муайян карда мешаванд: - оилаи намунавӣ дар маҳали зист; - риояи тарзи ҳаёти солим; - маърифати баланд дар муносибатҳои оиладорӣ; - нақши оила дар тарбияи дурусти фарзандон, аз ҷумла таъмини шароити арзандаи таълиму тарбия барои фарзандон; - саҳми оила ҷиҳати таъмини иштироки фарзандон дар озмунҳои сатҳи шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ, маҳорати суханварӣ ва забондонии фарзандон; - саҳми оила дар ҳидоят ва сафарбар намудани фарзанд ба хизмати Ватан-Модар; -саҳми оила дар ободонии шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат, фаъолнокии аъзои оила дар корҳои ҷамъиятӣ; -саҳми оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги оиладорӣ ва миллӣ.
Сипас, кори озмун ҷараён гирифта ҳайати ҳакамон бо оилаҳои намунавӣ шинос гардида доир ба рӯзгору пайкори онҳо ҳамсуҳбат шуданд.
Баҳри болидарӯҳии иштирокчиён санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр сурудҳои дилнишин суруданд.
Дар фарҷом, аз рӯйи натиҷагирии ҳайати ҳакамон "Оилаи беҳтарин" муайян гардида, ба оилаҳои беҳтарин диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.