01 Май 2025
Санаи 29.04.2025 дар доираи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар майдони худ дастаи "Ашт"-и ноҳияи Аштро қабул намуд.
Бозӣ бисёр тезутунд ва пурҳаяҷон сурат гирифта, бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд дар қисми аввали бозӣ ҳисоб кушода нашуд.
Дар қисми дуюми бозӣ бозигарони дастаи "Гулистон" бештар ба ҳуҷум гузашта имкониятҳои зиёди голзанӣ ба вуҷуд оварданд. Ҳамлаҳои пайвастаи даста имкон дод, ки Акмал Пӯлатов аз зарбаи кунҷӣ тубро вориди дарвоза намуда, дастаи "Гулистон"-ро дар ҳисоб ба пеш баровард.
Бозии дастаҳои "Гулистон"-и Гулистон ва "Ашт"-и ноҳияи Ашти бо ҳисоби 1-0 бар нафъи мизбонон ба анҷом расид.
Нахустин бозии мавсим ва пирӯзии аввалин ба масъулин, ҳайати даста ва ҳамаи мухлисони даста муборак бод.