Матни равон

Имрӯз, 03.03.2025 дар МҒ "Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон" тибқи нақшаи кории бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар шаҳр конфренсия бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар–сарчашма ҳаёт” бо иштироки донишҷӯдухтарони муассиса баргузор гардид.

Дар конфренсияи мазкур мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев, муовини директори МД "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон" Лоиқ Кенҷаев ва муовини директори муассиса Умед Раҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар доир ба ҷойгоҳ ва арзиши зан-модар чунин изҳор намуданд, ки: “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки дар ҳар замоне сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рўи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад ва аз рўи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд. Аз ин рў, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Маҳз, ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамон дар самти баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа аст, ки то имрӯз як қатор барномаҳои давлатӣ дар ин соҳа амал мекунанд ва дар Паёми навбатии худ низ зикр намуданд, ки: “Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад”.

Бо баёни нақши занону бонувон дар рушди ҷомеа, тарбияи фарзанд, ҷойгоҳу арзиши зан – модар дар адабиёту таърихи куҳани миллати тоҷик, мавқеи онҳо дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии онҳо аз ҷониби суханроникунадагон қисмати илмии конфренсия ба анҷом расид.

Сипас, донишҷӯёни фаъоли муассиса дар васфи модар шеърҳо қироат намуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1291
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4391
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1291
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21450
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:56044
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8564478

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?