Матни равон

Имрӯз, 28.02.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр мутобиқи нақшаи баргузории вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вохӯрии номзад аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Вохӯриро раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 Убайдулло Анваров оғоз намуд.

Шахси боэътимоди Илҳом Пӯлотзода номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 Эркаев Улмас номзадро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.

Сипас, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 Илҳом Пӯлотзода доир ба самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии худ суханронӣ намуд.

Номзад зимни суханронӣ зикр намуд, ки барномаи пешазинтихоботияш бо барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2030, ки бо қарори Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2024, таҳти №8 тасдиқ гардидааст мутобиқ гардонида шуда, он аз нақшаву мақсадҳо, ҳадафу барномаҳо ва стратегияҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои роҳнамосозу ҳидоятгари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифтааст.
Ҳадафҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба сари вақт иҷро намудани тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди беҳтар гардонидани ҳамаи самтҳову соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди беназири халқи Тоҷикистон, таҳким бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ ва маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинони шаҳр, мусоидат ба фаъолияти бомарому самараноки сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ифротгароию терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, савдои одамон ва равияҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ, ҷалби бештари сармоя бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳо ва ҷойҳои кории нав, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул тавассути таъсис додани ҷойҳои кори нав, андешидани тадбирҳо дар самти истифодаи сарфакорона ва самараноки неруи барқ, дастгирии ташаббусҳои аҳолӣ ва соҳибкорон оид ба бунёду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ, мусоидат ба ташаккули инфрасохтори муосири соҳаи сайёҳӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ бо мақсади муҳайё намудани муҳити созгори таълиму тарбия, идома бахшидани сиёсати «Рӯй овардан ба ҷавонон» ва дар роҳи расидан ба ин ҳадаф ҳарчи бештар фароҳам овардани шароит ва заминаву имкониятҳои мусоид барои рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон, муҳайё намудани шароити инфрасохтории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бунёду азнавсозии иншооти соҳа, аз ҷумла майдонча ва иншооти хурди варзишӣ дар шаҳр, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ба ин васила баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, таъмин намудани волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва дар байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ, ҷорӣ намудани имкониятҳо ва имтиёзҳо барои кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, нафақагирону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ва рушди маърифати тиббию санитарӣ ва бартараф намудани дигар мушкилиҳои мавҷуда нигаронида шудааст.
Сипас, интихобкунандагон ба номзад дархосту таклифҳо доир ба ободонии роҳҳо, бунёди майдончаҳои бозии кӯдакона, ташкили бозори замонавӣ ва дигар масъалаҳо манзур намуда, посух гирифтанд.Дар фарҷом аз интихобкунандагон даъват карда шуд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони халқ фаъолона иштирок намоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2613
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2750
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8805
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22440
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:22361
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8615942

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?