Матни равон

Имрӯз, 12.10.2024 тибқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳакимҷон иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори маҷлисро оғоз намуд. Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар нуҳ моҳи соли 2024 маърӯза намуд.

Зикр карда шуд, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2024 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 196,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 80,7 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 46,9 миллион сомонӣ аз нақша кам маблағ ворид гардид.  Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 59,3 миллион сомонӣ буда, 59,7 миллион сомонӣ ё ин ки 100,6 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 360,5 ҳазор сомонӣ  зиёд  маблағ ворид гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми  нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 2 миллиарду 702  млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 80,7% фоиз мебошад. Аз ин 95,2%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 4,8 фоизи он ба ҳизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.

Тибқи маълумотҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2024 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 726,8 миллион сомонӣ сармоягузорӣ тадбиқ шудааст, ки аз он 595,7 миллион сомонӣ сармоягузории хориҷӣ ва 131,1 миллион сомонӣ сармоягузории дохилӣ мебошад.

Муштариёни шаҳри Гулистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ба маблағи 112,4 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намуданд, ки   дар ин давра 107,0 миллион сомонӣ пардохт намудаанд, ки ин нишондиҳанда 95,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нуҳмоҳаи соли 2024 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 116,4 миллион сомонї сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба бештар мебошад.

Корњои бинокорию васлгарї дар нуҳ  моҳи соли 2024 ба маблаѓи 111,3 миллион сомонї иљро гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,0 маротиба зиёд шудааст.

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 2094 меҳмони хориҷӣ ва 25142 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 27236 нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба соли гузашта (соли 2023 – 27223 нафар) 13 нафар зиёд мебошад.

Ҳамчун, доир ба фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр маълумот дода шуд.

Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз масъулини соҳаҳо доир ба натиҷаҳои меҳнатӣ, сабаби иҷро нагардидани баъзе уҳдадориҳо пурсиш ба амал овард.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Ҳакимзода Ҳакимҷон  доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози назар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ноил гардидани хонандагон ба дастовардҳои назаррас ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:974
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1361
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9091
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:8430
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9729
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8219241

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?