Матни равон

Имрӯз, 04.04.2024 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар толори КФНЛ дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон доир ба эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" вохурӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, Расулзода Нигора-ҳуқуқшинос дараҷаи 3 мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, Сатторова Матлуба и.в. мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр ва Наргиса Бердиева раиси Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон иштирок ва суханрони намуданд.

Таъкид карда шуд, ки зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ, ин доштани донишҳои ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқи фаҳмида мешавад. Аз давраи қадим халқӣ тоҷик дорои фарҳанг, урфу одат ва маърифати баланди ахлоқӣ ва ҳуқуқиро доро мебошанд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Пешвои миллат, маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. “Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.

 

Дар моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”.

Инсон шаъну шарафи хешро танҳо ба василаи қонунҳои мавҷуда ва дигар санадҳои меъёрӣ метавонад ҳифз намояд. Ин меъёри конститутсионӣ моро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ пешоҳанг бошем. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон муаян карда шудааст.

Дар робита ба ин Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шаванд, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё сохта шавад.

Мусалам аст, ки рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат тасаввур намудан ғайри имкон аст. Дар баробари ин барои расидан ба ин ҳадафи олӣ эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда дар заминаи он бо роҳҳои гуногуну мақсаднок маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро бояд боло бурд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ вобаста ба рушди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз тарафи давлат чунин тадбирҳо анҷом дода шудааст:

1. Қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва ғ;

2. Қабули Консепсияҳо ва Барномаҳои давлатӣ вобаста ба ислоҳоти ҳуқуқӣ;

3.  Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Ташкили конфронсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон гузаронида шудааст.

5. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, соли 2024 эълон шудани соли маърифати ҳуқуқӣ.

Риояи ва эҳтироми қонунҳои Тоҷикистон бо он муайян мешавад, ки, қонунҳо санади мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикисон Маҷлиси Олӣ мебошанд, ки дар натиҷаи амалӣ гаштани шакли олии бевоситаи ҳокимияти халқ-интихобот ташкил мешавад. Дар ин замина қонунҳо нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии зериқонунӣ эътибори баланди ҳуқуқӣ доранд.

Вазифаи тарбияи ҳуқуқӣ донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда ва риояи онҳо мебошад. Риояи конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намудан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андозҳо ва пардохтҳо ва ғайра сатҳи маърифат ва ахлоқи шаҳрвандро баланд намуда, мавқеи ҷамъиятии ўро устувор мегардонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” қайд менамояд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ўро арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад.

Ҳамин аст, ки дар таърихи навини халқи тоҷик ба шарофати сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ташаккулу таҳаввул ёфтани давлатдории миллӣ, эҳёи дубораи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофарамон, ки яке аз пурарзиштарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мегардад ва дар даврони истиқлолияти кишвари азизамон низоми ҳуқуқии миллӣ марҳила ба марҳила дар ҳолати рушд қарор дорад. Дар ин давраҳо чандин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқи аз қабули Конститутсия, қонунҳои конститутсиони, қонунҳо, қодексҳо ва дигар санадҳои зерқонуни қабул шудаанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти давлат ҳифзи арзишҳои миллӣ хизмат менамоянд.

Бояд тазакур дод, ки соли 1994 ҳангоми таҳияи матни Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи “давлати дунявӣ” бори дигар дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамчун яке аз муҳимтарин аслҳои давлатдории муосири тоҷикон ба матни Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.

Ҳамин тавр низоми ҳуқуқи кишвар падидаи васеъ ва фарох буда, дар худ манбаъҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, раванди ҳуқуқтатбиқкунӣ ва ҳатто сатҳи шуури ҳуқуқию маданияти ҳуқуқиро фаро мерирад.

Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмуи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад.

Чораҳои гуногун ва барномаҳои давлатие, ки давоми соли оғозгардида дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон амалӣ карда мешаванд, бевосита дар иҷрои вазифаҳое, ки дар боло қайд карда шуд, саҳми муносиб гузошта, бори дигар демократияи хос ва сифр миллии дар Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаро ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Ҳамзамон, доир ба аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ суханрони ва ибрози андеша карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:50
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3648
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5513
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:87483
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7729403

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?