Матни равон

Санаи 12 марти соли 2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода баргузор шуд.

Аз рӯи масъалаи якум оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 29.03.2022, №84 Дар бораи татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳри Гулистон муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 Дар бораи “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, қарори Раиси вилояти Суғд аз 3 марти соли 2022, №62,   қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 29.03.2022, №84 Дар бораи татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳри Гулистон ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тасдиқ карда шуданд.

Тибқи қарори мазкур  раёсату шуъбаҳо бахшҳо ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор карда шудаанд, ки барои иҷрои саривақтӣ ва самараноки нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ” чораву тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд. Шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамоҳангсоз оид ба мониторинг ва амалисозии барномаи мазкур дар шаҳри Гулистон  муқаррар карда шудааст.

Барномаи  миёнамуҳлати  рушди  иқтисоди  рақамӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  солҳои  2021-2025 бо  мақсади тезонидани  суръати  рушди  иқтисоди  кишвар  ва  баланд  бардоштани сатҳи  зиндагии  аҳолӣ  аз  ҳисоби  истифодаи  технологияҳои  рақамӣ  дар соҳаҳои   иҷтимоию   иқтисодӣ,   инчунин   фароҳам   овардани   шароити мусоид  барои  гузариш  ба  модели  нави  рушди  иқтисоди  рақамии  оянда дар дурнамои дарозмуҳлат таҳия гардидааст.

Иқтисоди  рақамӣ  ин  рақамикунонии  соҳаҳои  иқтисоди  миллӣ  тавассути истифодаи васеи технологияҳои рақамии компютерӣ мебошад, ки  барои  баланд  бардоштани  маҳсулнокии  истеҳсолот,  таҷҳизот,  нигоҳ доштан,  фурўш  ва  дастрас  намудани  молу  хизматрасониҳо  мусоидат мекунад.

Амалисозии       иқтисоди       рақамӣ       имкон       медиҳад,       ки  хизматрасониҳои  давлатии  рақамӣ,  рушди  соҳаҳои  иқтисоди  миллӣ,  даромади  буҷет,  шаффофият,  содагардонии  расмиёт,  омода  кардани  мутахассисони   лаёқатноки   соҳаҳои   гуногун,   ҷалби   технологияҳои  муосир ва дар маҷмўъ сатҳи зиндагии аҳолии кишвар  беҳтар гардад.

Зикр гардид, ки ҷиҳати амалигардонии Барнома дар шаҳр як қатор корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулин ҷиҳати тақвияти корҳо дар ин самт боз тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Оид ба масъалаи мазкур Сарҳад Баротзода вакил аз ҳавзаи интихоботии Мирзо Турсунзода №18 ба музокира баромад.

Доир ба масълаи дуюми рӯзнома ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг вакил аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ, №16 Муслимахон Ҷамолиён шунида шуд.

Ҳамчунин, ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Сино” №4 Мавҷуда Собирова оид ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.

Тибқи масъалаи охири рӯзнома тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси шурои Иттифоқи касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 Дар бораи “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳр изҳори назар намуд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия хотима ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2257
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10971
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:4286
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7736676

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?