Матни равон

Имрӯз, 14.02.2024 дар толори маҷлисгоҳи ҶМТКДММ “Апрелевка” доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо кормандон вохӯрӣ багузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва директори генералии ҶМТКДММ “Апрелевка” Бахтиёр Саидаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Паём яке аз муҳимтарин санадҳои барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо камоли дақиқият ва аз лиҳози таҳлилҳои воқеъбинонаю дурандешона муайян менамояд ва барои мардуми мамлакат чун дастури раҳнамо ба сӯйи созандагию бунёдкориҳои нав хизмат менамояд.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ ва баррасӣ гардид.

Тавре ки оғози Паём зикр гардид: “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”. Ин буд, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли қаблӣ 8,3% зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шудааст ва қисми даромади буҷети давлатӣ да ҳаҷми 102,5 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд.

Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон додааст, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад. Танҳо аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол талабот ба неруи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардидааст. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.

Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Соли 2023  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шудааст.

Дар идома зикр карда шуд, ки ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми дар назари аввал мураккаб буда, дар асл моҳият, дарк ва фаҳмиши он мушкилӣ надорад — он иҷрои амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс - шурӯъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни роҳбариро дар доираи қоидаҳо, қонунҳо, инчунин риояи меъёрҳои умумибашарии қабулшуда талаб менамояд.

Чуноне Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ иброз доштанд «Конститутсия ва қонунҳое, ки давоми чанд соли охир қабул шудаанд, асоси тозаи низоми ҳуқуқӣ гузоштанд, ки аз нигоҳи моҳияту мазмунашон дар муқоиса бо қонунҳои давраи гузашта комилан нав ҳастанд. Дарку фарогирии ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва идомаи ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ ҳам аз шаҳрвандон ва ҳам аз мақомоти давлатию ғайридавлатӣ тақозо менамояд, ки муносибати худро дар ин самт ба куллӣ тағйир диҳанд». Бинобар ин, Парлумони мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор гардиданд, ки барои тарғиби дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолии мамлакат фаъолона саҳм гузоранд.

Дар фарҷом баён карда шуд, ки нақшаву ҳадафҳои мо дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар дар соли 2024 пурра зикр гардидааст ва танҳо моро мебояд, ки бо азму садоқати устувор, бо ҷидду ҷаҳд софдилона барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар кору фаъолият намоем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:390
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15537
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7037
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7739427

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?