Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои мардумии мо аз қабили Наврӯзи байналмилал, Меҳргон ва Тиргон  мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо файзу баркати хосаи идҳои аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, онҳо ба густариши оинҳои мардумӣ мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо месозанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин ҷашни ниёгон чунин гуфтаанд: “Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад, ки дар аҳди қадим, махсусан, замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол мегардид ва дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, шаш сол аст, ки дар саросари кишвар баргузор мешавад. Дар айёми таҷлили ин ҷашн мардум шодиву хурсандӣ карда, анъанаҳои неки халқамонро такмил мебахшанд ва фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Ҷашни Сада, дарвоқеъ, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд”.

Иди Сада дар оғози даҳаи аввали баҳманмоҳ, яъне - 30-юми январ баргузор мешавад. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад.  Тибқи ривоятҳо аз шаби таваллуди хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва ҷаҳидан аз болои он ривоҷ доштааст.

Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромада дар радифи ҷашнҳои миллиамон тибқи қонунгузории мамлакат бошукӯх таҷлил карда мешавад.

Ҷашни мазкур, ҳамчунин, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.

Хушбахтона, дар даврони истиқлолият маросиму ҷашнҳои миллии мо ҳамчун воситаи пайванди наслҳо хизмат карда,  дар баробари риояи анъанаҳои дерина ба онҳо шаклу мазмунҳои нави мутобиқ ба замони соҳибистиқлолӣ ворид гардидаанд. Дар ин росто, наврасону ҷавононро тавассути ин анъанаҳои неки гузаштагонамон ба меҳнатдӯстӣ, илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиқ карда, завқи онҳоро ба ободкорӣ, дӯст доштани табиати диёр, риояи одоби муошират ва дигар хислатҳои ҳамидаи миллӣ ҳидоят менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» Паёми навбатии ояндасози Сарвари хирадманди мамлакатро гарму ҷӯшон пазируфта, имрӯз бо азму иродаи қавӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллат камари ҳиммат баста, корҳои ободонию созандагиро бомаром роҳандозӣ намуда истодаанд.

Итминони комил дорам, ки сокинони шарафманди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ анъанаҳои неки меҳнатиро сармашқи кори худ карда, барои боз ҳам боло рафтани эътибор ва шуҳрати шаҳри саноатӣ ва сайёҳиамон бо неру ва ғайрати дучанд фаъолият хоҳанд намуд.

Бори дигар ҳамагонро бо камоли эҳтиром бо ҷашни ниёгон – Иди Сада муборакбод намуда, ба хонадонатон фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3813
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11235
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89622
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7629467

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?