Матни равон

Имрӯз, 24.11.2022 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор карда шуд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт.

Зикр карда шуд, ки Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар миллат, рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.

Парчамҳои гуногуни гузаштагони мо баёнгари он аст, ки парчамдорӣ нишони соҳибдавлатии мардуми куҳанбунёди мо мебошад. Халқи тоҷик аз замонҳои дури таърихӣ соҳиби тамаддун, фарҳанг ва маданияти оламшумул буда, дар байни қавми олам ҷойгоҳи шоиста доштааст. Тибқи маълумоти таърихӣ «Дирафши ковиёнӣ» рамзи нахустини далатдории ориён будааст.

Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд.

Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:  «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Дар ҳудуди шаҳр ба ифтихори ҷашни бошукӯҳи миллӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маркази шаҳр Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2019 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афрохта шуд. Ин арҷгузорӣ ба ифтихори яке аз рамзҳои муқаддасамон – Парчами давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода директори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилояти Суғдро манзури иштирокдорон намуд.

Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини консертиро ба ин муносибат манзури иштирокдорон намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1129
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18152
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:71705
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7713625

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?