Матни равон

Имрӯз, 7 октябри соли 2022, дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори маҷлисро оғоз намуд. Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар нуҳ моҳи соли 2022 маърӯза намуд.

Зикр гардид, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2022 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 202,0 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гардид, ки он баробар ба 108,7 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 16,1 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 46,7 миллион сомонӣ буда, 52,7 миллион сомонӣ ё 112,8 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5,9 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот 35,0 миллион сомонӣ иҷро гашт, ки баробар ба 102,4 фоиз ё ба маблағи 832,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 99,9 фоиз иҷро гардид. Танҳо ба ду соҳаҳои асосӣ - маориф ва тандурустӣ 30,9 миллион сомонӣ, ё 64,4 фоиз маблағи буҷет равона гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 94,2 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 19,3 миллион сомонӣ зиёд гардид, ки 121,3 фоизро дарбар мегирад.

Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва яклухт дар ин давра 145,2 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,1 фоизро ташкил дод.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 3 миллиарду 588 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 105,0 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 171,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вазни қиёсии корхонаҳои

саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 20,9 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар соли ҷорӣ 5 корхонаи нави саноатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин, доир ба фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр маълумот дода шуд.

Раисони ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой ва Зарнисор доир ба иҷрои нақшаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳри Гулистон нақшаи иншооти ҷашнӣ 100 адад буда, то ба имрӯз 36% ба иҷро расонида шудааст.

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз масъулини соҳаҳо доир ба натиҷаҳои меҳнатӣ, сабаби иҷро нагардидани баъзе уҳдадориҳо пурсиш ба амал овард.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози назар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Дар интиҳо Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, иҷрои нақшаи “Обуна-2023” тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ноил гардидани хонандагон ба дастовардҳои назаррас, омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1345
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3648
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4993
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:88778
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7730698

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?