Матни равон

Расо 15 сол пеш, 29 июни соли 2007 ҶДММ “Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой” таъсис ёфта, 26 июни соли 2009 дар арафаи таҷлили ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти аввали корхонаи ғанигардонии маъдани ширкат мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин корхонаи бузурги саноатӣ боздид намуда, коргарони ширкат ва сокинони шаҳраки саноатии Зарнисорро ба муносибати 25 - солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 15 - солагии таъсисёбии “Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой” табрику таҳният намуда, барои амалӣ намудани иқдомҳои шоиста ва ноил шудан ба дастовардҳои бузурги истеҳсолӣ комёбиву муваффақиятҳо орзу кард.

Таъкид карда шуд, ки дар корхона коркарди маъдан ва истеҳсоли консентрати сурб, руҳ ва хокаи мис ба роҳ монда шуда, хатти аввали ширкат дар замони ифтитоҳ бо иқтидори 300 ҳазор тонна маъдан дар як сол ба кор оғоз намуда буд. Сипас бо бунёди ду сехи иловагӣ дар соли 2020 иқтидори корхона ба 11 миллион тонна коркарди маъдан дар як сол баробар гардид.

Айни замон,  шумораи миёнаи кормандони ба фаъолияти истеҳсолӣ машғулбудаи корхона, мувофиқи маълумоти оморӣ ба санаи 1 майи соли равон 2 ҳазору 681 нафарро ташкил медиҳад ва 75 фоизи коргарон сокинони маҳаллӣ мебошанд. Музди миёнаи кормандони корхона тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ - майи соли равон 3 ҳазору 133 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 243 сомонӣ зиёд шудааст.

Ба корхонаи мазкур дар давоми моҳҳои январ - майи соли 2022 барои таъмир ва пешрафти истеҳсолот ба маблағи 35,8 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар моҳи май 15 миллиону 260 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Нишондиҳандаҳои “Ширкати кўҳӣ - саноатии  Тоҷикистону Хитой” дар соли 2021 хеле назаррас буд ва дар ин давра, иҷрои нақшаҳои солонаро корхона нисбати соли 2020 бо нархҳои муқоисавӣ 156,6 фоиз таъмин намуд.

-Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки бунёдкориву созандагиҳои имрўзаи кишвар, маҳз ба шарофату баракати ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва таҳкими суботи иҷтимоиву сиёсӣ ба вуҷуд омадааст. Бинобар ин, бояд ба хотири ободиву шукуфоии сарзамини аҷдодӣ кору фаъолият намоем ва дар раванди созандагиву бунёдкории кишвар саҳми арзанда гузорем,-қайд намуд роҳбари вилоят.

Дар зимн ба масъулини  соҳаи саноати вилоят ва шаҳри Гулистон дастур дода шуда, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва роҳбарони корхонаҳо доир ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, воридсозии таҷҳизоту технологияҳои муосир, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти нави саноатии қобили рақобат ва ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани иқтидори содиротии коргоҳҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ чораҷўӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2497
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5143
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:24264
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22440
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37820
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8631401

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?