Матни равон

Қайроққум, 23.12.2015. (АМИТ “Ховар”).-Имрӯзҳо  дар тамоми манотиқи кишвар ба ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулху вахдати миллӣ -Пешвои миллат» чорабиниҳои мухталиф ҷараён доранд. Максад аз баргузории чунин ҷамъомадҳо- ин баёни ҳамовозии сокинони кишвар ба қабули қонуни мазкур ва  ибрози дастгирии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат мебошад.

Дирӯз дар радифи чунин чорабиниҳо дар шаҳраки барқчиёни шимоли кишвар - Қайроққум раҳпаймоӣ доир гардид.

Тавре ки ба АМИТ “Ховар”  масъули хадамоти матбуотии мақомоти шаҳри Қайроққум Рустам Одиев хабар дод,  дар раҳпаймоие, ки дар кўчаи марказии шаҳр доир гашт, беш аз 1500 ҷавон, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр ширкат варзида, ҷонибдории хешро  аз Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Чорабинии мазкур бо ҳузури кулли сокинони шаҳр дар назди майдони Кохи Истиқлол доир гашта, дар он раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода иброз дошт, ки таҷрибаи сулҳоварие, ки дар низоми таълимоти сиёсии Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон ҷойгоҳи махсус касб карда буд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф шудааст ва ҳадаф аз меҳвари асосии ҳамоиши имрӯза  низ- ин  баёни ҳамовозии сокинони шаҳри Қайроққум аз эътироф ва дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ба ҳисоб меравад, зеро мардуми шарафманди тоҷик дар симои Президенти худ, пеш аз ҳама, пуштибони мардум, ҳомии Конститутсия ва қонунҳоро мебинад.

Иштирокдорони дигар низ доир ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, ки тавассути қудрату қобилияти ташкилотчигӣ, азму иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд, сухан карда, ҷонибдории худро иброз доштанд.

 



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1566
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13979
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92366
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7632211

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?