Матни равон

Баргузории озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ бо номи «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ду сол инҷониб бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор мешавад, собит месозад, ки воқеан дар байни қишрҳои ҷомеа шумораи шахсони китобдўсту китобхон хеле зиёд аст.

Бо мақсади татбиқи амалии тадбирҳои судманд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо таҷдиду бунёди китобхонаҳо, табъу нашри китобҳо, ташкилу баргузории озмунҳо ва дигар чорабиниҳо кўшиш менамояд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти олии кишварро ҳамаҷониба татбиқ намояд.

Яке аз ин тадбирҷўиҳо дар давоми се соли охир доир гардидани озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд» мебошад, ки дар байни 362 китобхонаи низоми фарҳанг баргузор мегардад.

 

Ҳадафи асосии гузаронидани ин озмун дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳо, ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобу маводи чопӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон, такмилу сайқали маҳорати касбии китобшиносон, сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ мебошад.

Озмуни мазкур соли ҷорӣ низ доир шуда, рӯзи 28 декабр номи барандагони он эълон гардид. Дар озмуни “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2020” Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон ғолиб дониста шуда, ба директори китобхона аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Шоҳҷоиза ва 12 000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.

Ҳамзамон дар озмун ба Китобхонаи марказии ноҳияи Айнӣ барои ба даст овардани ҷойи аввал 10 000 сомонӣ, ба Китобхонаи деҳаи Дашти деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ барои ба даст овардани ҷои дуюм 8000 сомонӣ ва ба Китобхонаи марказии Конибодом барои ба даст овардани ҷойи сеюм 6000 сомонӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:301
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2151
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6172
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20249
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:2452
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8747179

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?