Матни равон

22 декабр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунуниву дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истиқболи гарм аз музокироти сулҳи байниафғонӣ ва баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ, самимона хостори раванди ба даст овардани сулҳи деринтизор дар кишвари ба мо дӯсту бародари Афғонистон шуданд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои созандаи музокироти сулҳ на танҳо барои Афғонистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайомадҳои нек дошта метавонад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба амалҳои гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва дигар шабакаҳои терроризми байналмилалӣ, ки барои Афғонистону минтақа манбаи асосии таҳдиду нигаронии ҷиддӣ аст, табодули андеша карда, тақвияти муборизаи муштаракро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳоро дар соҳаи амниятӣ зарур шумурданд.

Аз муколамаи мунтазами сиёсии байни давлатҳо, ки омили муҳими баррасии масоили калидии муносибатҳои дӯстона ва роҳҳои таҳкиму тақвияти минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд, изҳори қаноат карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ татбиқи тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ба хотири эҷоди долонҳои нави нақлиётию транзитӣ байни кишварҳо муҳиму зарурӣ унвон карда шуд.

Дар шароити имрӯзаи пандемияи бемории сироятии короновирус пешниҳод гардид, ки дар самти пешгирии ин беморӣ ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ тақвият бахшида шавад.

Ҳамчунин омодагии Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, иттилоот ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ таъкид гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:531
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3037
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7216
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:532
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7732921

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?