Матни равон

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана доир гардид.

Намояндагон аз кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мутриба Бобоҷонова Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро манзури иштирокчиён намуд. Паёми Пешвои муаззам бо рӯҳбаландӣ ва кафкӯбиҳои бардавом пазируфта шуд.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён доир ба таърихи ҳизби пешоҳанги ҷомеа суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки ҲХДТ тавассути ҳидоятҳои ибратомӯзи Роҳбари соҳибфитрату накусиришт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру мондагор дорад. Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, рисолаташро барои беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат равона намудааст. Агар ба таърихи таъсиси ин ҳизби пешоҳанги мардумӣ назар афканем, пайдост, ки марҳилаҳои душвори тайкардааш дар масири давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои намоён баҳогузорӣ карда мешавад. Табиист, ки ҲХДТ фаъолияташро аз рӯзҳои нахустин дар асоси қонунҳои амалкунада ва меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ба иҷро расонида, дар самти гуногунандешии сиёсиву идеологї, ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии дигари фаъол ба таври густарда ба роҳ монд.

Дар ин замина, нуктаи дигар ин аст, ки ҲХДТ дар муддати 26 соли фаъолияти босамар марҳилаҳои таърихии ибратомӯзро паси сар намудааст. ҲХДТ дар заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муттаҳидсозии ҳамдигар, рушду инкишоф ва тақвияти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқро ба инобат гирифта, вобаста ба талабу тақозои ҷаҳони муосир муҳимтарин нақшаву барнома ва стратегияҳои миллии ояндадорро рӯйи даст гирифт. Воқеан ҳам, масири паймудаи ҳар як марҳилаи тайкардаи он, бо таваҷҷуҳ ба татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ, муаррифии Ватан ҳамчун кишвари пешоҳангу ташаббускор ва расидан ба марҳилаҳои сифатноки ҷомеа мактаберо мемонад, ки иқдомҳои омӯзанда боиси дастгирии аҳли сайёра гардидааст. Дар ин замина, имрӯз ҳизб ҳамқадами комил дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои миллию давлатӣ ҳамеша пешсафу пешкор аст.

Дар фарҷоми ҷамъомад 15 нафар донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо идрорпулии ҲХДТ, ғолибони иншои беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо” бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ба 15 нафар фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, ки ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1992
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3648
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5640
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89425
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7731345

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?