Матни равон

11 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Биноҳои истиқоматӣ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 124 хонаи барҳавои як ва дуҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин иншооти нав бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин буда, ҳар як қисми он бо ду адад лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Биноҳо дар давоми се сол бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёд гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити биноҳои нав, ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 120 оилаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар ин ду бинои баландошёна соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор тақдим намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст, ки таъмин намудани онҳо бо манзилҳои нави истиқоматӣ аз ғамхории ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандон онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти ҷомеа ҳидоят намуданд.

Дар навбати худ кормандони соҳа ба Президенти мамлакат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос хоҳад кард.

Саҳни биноҳои нави истиқоматӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро ёфта, майдонча барои бозиву дилхушии кӯдакон ва нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд карда шудааст.

Дар ин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як бинои нави истиқоматии 16-ошёна санги асос гузошта, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Тибқи лоиҳа шумораи умумии хонаҳо дар бинои мазкур 128 ададро ташкил дода, дар ҳавлии он бунёди майдонча барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат барои бо тарҳи замонавӣ ва ҷавбгӯи талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд кардани иншооти мазкур ба меъморону сохтмончиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1833
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15165
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8480
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7740870

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?