Матни равон

Ҳамарӯза воситаҳои иттилоотӣ аз қабили сомонаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои оммаи ахбор аз вазъи кунунии ҷаҳон хабар медиҳанд. Аз ин рӯ ҳар фарди ҷомеа имрӯз бешубҳа аз вазъи олами муосир ба андозае огоҳ аст. Рӯзе нест, ки сомонаҳои иҷтимоӣ ё воситаҳои ахбори омма дар мавриди ҳамлаҳои террористӣ ё кирдорҳои хусусияти экстермистӣ дошта ҳарф назананд.  Бахусус, давлатҳои Осиё ба гирдоби ин моҷаро кашида шудаанд. Коршиносон бар ин назар буданд, ки бемории сироятии коронавирус бо арзи вуҷуд кардани худ раванди терроризм ва экстермизмро то андозае боз медорад. Аммо хабари марги бегуноҳон, махсусан дар кишвари дӯсту бардор ва ҳамҷавори мо Афғонистон ва дигар кишварҳо гувоҳӣ медиҳад, ки қадами наҳсу касифи бемории сироятии коронавирус бо он ҳама бераҳмӣ натавонист пешорӯӣ бемории тундгароӣ биистад ва фаъолияти ӯро барои муддате боздорад. Тақрибан моҳе нест, ки дар кишвари ҳамсояи мо - Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ ба қайд гирифта нашаванд. Дар пайи ин ҳамлаҳо ҷони чандин нафар аз бегуноҳон қурбон мегардад. Имрӯз паёмадҳои ин амалҳои нангин моро ҳам афсурда мекунад.

Баъд аз ин натиҷагириҳо инсон бешубҳа як нафаси амиқ мегирад ва аз осмони софу беолоиш, ҳавои накҳатбору муаттар ва хоку оби Ватан шукрона мекунад. Воқеан, шаҳрвандони кишвари озоду ободи мо дар фазои орому осоишта умр ба сар мебаранд. Хушбахтона, бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз гуг-гул мешукуфад ва дар ҳамаи соҳҳаҳо меваҳои ширин ба бор меояд. Сарвари хирадманди кишвар борҳо дар созмонҳои байналмилалӣ дар маҷлису конфронсияҳо масъалаи сулҳи Афғонистонро дар миён гузоштаанд, ки ин аз инсондӯстии марди асил шаҳодат медиҳад. Албатта, вазъи кишварҳои ҳамсоя ба мо бетаъсир нахоҳад буд.

Пас дар раванди ин моҷароҳо баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ, сарзамини аҷдодӣ, фарҳанги ғанӣ ва ғояи миллӣ ҳар шаҳрванди кишварро зарур аст, ки бо дилу нияти нек ва азму иродаи қавӣ неруи ҷавонмардии хешро сарф намояд. Зеро ҳифзи марзу буми кишвар ва оромиву осоиштагии мо дар дасти худи мост. Дар ин росто, моро мебояд, ки дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ бошем ва онро тарғибу ташвиқ намоем. Бузургон фармудаанд: “Дӯст доштани Ватан аз имон аст”. Ҳамзамон, насли наврасро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ ба воя расонем. Ба соҳаи маориф баҳри омӯзиши дурусту амиқ ва ба ҷомеаи оянда тақдим намудани мутахассисони арзанда аҳамияти ҳамаҷониба диҳем. Аз техникаву технологияи иттилоотӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ дуруст ва боманфиат истифода барем. Бо ин роҳ мо метавонем, ки кишварро аз ҳар гуна хатарҳо эмин нигоҳ дошта, ба ояндагон як меҳани комилан озоду ором ба мерос гузорем.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,
мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1461
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3648
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5109
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:88894
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7730814

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?