Матни равон

Барои шахси ба қавли мардум худобехабару ноинсофу ноодам дар ҳаёт ягон чизи муқаддасу мукаррам нест, яъне ӯ чашмкӯру аз равшанӣ метарсад. Ба ҳамагон маълум ва равшан аст, ки гурӯҳи ифротгарои наҳзатӣ баъди фирорӣ шуданаш, албатта, бо кирдору ноодамӣ ва амалҳои ношоиставу номатлубаш, ба кору фаъолияти тӯҳмату таҳқир ба марзу буми аҷдодиаш, ба зодгоҳу миллаташ пайваст. Дилаш, ки нопоку аз ғаразу бухсу кина пур аст, роҳи сарбастаи ифротгароиро пеш гирифт. Аз сомонаву сайтҳои туҳмату буҳтонбоф ва интернет ба таҳқири шахсиятҳои шинохтаву муътабари Тоҷикистон-шарму ҳаё накарда, машғул мешаванд, ки лаънат ба онҳои ифротӣ мегӯем. Масалан, аз ҷумлаи чунин сайтҳои наҳзатӣ «vostocnews.org» мебошад, ки бо номи тақаллубии Сиддиқи Акбар, ҳар дурӯғ ва тӯҳмату таҳқиру буҳтонро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон мунташир карда, хонандагони эҳтимолии худро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳад. Ин дар он ҳолест, ки худи наҳзатии ифротӣ, иғвогару ноқисулақл зери ниқоби Сиддиқи Акбар паноҳ бурда, ки худ як ҷоҳилу нодону кундапих аст.

Ӯ азбаски нодон, кӯтоҳақлу ҳарзагӯю ҳарзагард мебошад, ҳатто намедонад, ки кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо чӣ шартҳое ба Тоҷикистон қарз медиҳанд. Ба фикр кардан қуввату иродааш намерасад, ки албатта, ноқисулақл аст- маблағҳои лоиҳаҳои қарзӣ ҳама мақсаднок дар доираи чаҳорчӯбаи қонуну қонуният пурра ба иҷрои лоиҳаҳо масраф мешаванд. Ӯ гумон мекунад ва фикр меронад, ки маблағ ҳама ба ҷайби масъулони давлатӣ мерасад. Ин аз нодониву бехабарии ин ифротии кундзеҳну ақлкӯтоҳ шаҳодат медиҳад.

 

Барои ҳар мутахассис, шахси бесаводу бо маърифат маълум ва равшан аст, ки сиёсати дурусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мудирияти қарзи давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон бо доштани қарзи давлатии нисбатан кам чандин лоиҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро амалӣ созад. Аммо нотавонбинони бедонишу кундапихе мисли Сиддиқи Акбар ва барандагони сомонаи «vostocnews.org» ин бурдбориҳои халқро дарк кардаву дида наметавонанд, яъне намехоҳанд дарк бикунанд. Онҳо ба қавле «кӯри худу бинои кас» ҳастанд. Танҳо сафедро сиёҳ мегӯянд. Оқибат шармандаву шармсори халқ мегарданд. Ин баҳои кору кирдорҳои ноодамии онҳост. Онҳо найрангбозанд.

Мавриди зикр аст, ки новобаста аз туҳмату буҳтон ва найрангҳои онҳо-ифротиёни кундзеҳну бадтабиат, барномаҳои ободкорӣ ва азму талошҳо дар бобати барҳам додани камбизоатӣ ба таври муназзам аз ҷониби Ҳукумати кишварамон амалӣ шуда истодаанд ва дар ин самт муваффақ шуда, натиҷаҳо бароваранд.

Барои бартараф кардани камбудиҳои мавҷудаи ҳаёти муосирамон дар Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлолу биҳиштосоямон масъулини пешбарандаи барномаҳо ва лоиҳаҳо то андозае заминаҳои мусоид фароҳам овардаанд ва мардуми кишварамон бо азму субот ва ҷаҳду талошҳои ҳадафманд кору пайкор доранд. Ҳукумати кишварамон дар якҷоягӣ бо мардуми зафарманди тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдати умумӣ ва комил баҳри бунёдкориву созандагӣ роҳи устуворро пеш гирифта, ба дастовардҳо ноил мегарданд. Он чӣ, ки Сиддиқи Акбари бедилу беимони кундзеҳн буҳтонро аз дастгоҳи ифротӣ «vostocnews.org» мебофад, ягон асос надорад, пучу бемағзу мисли коҳ аст. Роҳи созандагӣ дар Тоҷикистони азизу маҳбубамон ҳамеша сабзу мунаввару фарох асту чунин мемонад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,

«Соҳил»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:709
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:709
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:84494
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7726414

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?