Матни равон

Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.

Масалан  боби дуюми Конститутсия, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” ном дорад ва аз 33 модда иборат аст пурра ба ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар моддаи 17-и боби мазкур оид ба баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар назди мақомотҳои давлатӣ ва баробарҳуқуқии онҳо байни ҳам чунин гуфта шудааст: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд.

Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, наҷод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”. Агар мо ба таърихи ниёгонамон назар кунем,  эътирофи ҳуқуқҳои инсон  дар мадди аввал гузошта шудааст. Мисоли равшани онро мо дар давлатдории Сомониён  мушоҳида карданамон мумкин аст ва баъдан, пас аз кашмакашҳои зиёди таърихӣ  халқи тоҷик тавонист, тавассути фарзандони фарзонаи миллати худ соҳиби давлату Конститутсияи худ шавад.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ  қабул карда шуд, барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон фоли неке барои пешрафти минбаъдаш буд. Он воқеъан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро ҳар вақте ки ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем,  бархурдод хоҳем шуд, ки он дар чӣ гуна вазъияти ҳассос  таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Дар чунин вазъияти ҳассос қабули Конститутсияи мукаммал, хеле мураккабу душвор буд, аммо бо қавииродагӣ ва мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизи кишварамон муяссар гардид, ки қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсия худро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул намоянд ва ин рӯз ҳамчун рӯзи таърихӣ ҳамасола қайд карда мешавад.

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи қабули Конститутсия ба ин маънӣ қайд карда буданд, ки имрӯз барои ман қадамҳои аввалин  ба вазифаи Раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар ин рӯзҳо барои ман ҳам мушкил аст, лекин боварӣ дарам, ки бо дастгирии халқи Тоҷикистон аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем. Ман сари таъзим ба назди пои мардуми Тоҷикистон  фуруд меорам ва мегуям, то он замоне, ки ҳастам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам. Ин суханҳо ҳар яки моро водор месозад, ки мо шаҳрвандони мамлакат Конститутсия - бахтномаи миллатро,  ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст риоя намоем  ва онро пос дорем.

Элёр БЕГОВ,
узви маҳ
фили Корвони маънавиёт “Адрасмон”

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:762
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14094
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7409
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7739799

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?