Матни равон

Кӣ намехоҳад дар ҷомеае зиндагӣ кунад, ки хушбахтии ҳар инсон боиси хушбахтии дигарон шавад ва ҳама бо ҳам дар сулҳу салоҳ умр ба сар баранд? Албатта, ҳама мехоҳанд, аммо дар асл на ҳама вақт чунин мешавад, зеро одамон бо хислатҳои худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ба хотири пулу моли зиёд ба доми мардуми гумроҳу бегона афтида, ақлашонро бой медиҳанд. Ба қадри сулҳу оромӣ нарасида, ба хотири маблаѓи бедардимиён ба роҳҳои бад қадам мениҳанд. Зоҳиран дӯстнамову ботинан бадандешӣ карда, дар як лаҳза фикри худро дигар мекунанд. Ин гуна разилону бадхоҳон дар тан ҷомаи дӯстӣ доранду дар дил кинаву адоват мепарваранд.

Ҳар рӯз дар ҷаҳон ҳаводисе рух медиҳад, ки дунёро ба ларза меоварад. Дар ҳар манотиқ нотинҷиву ноамниро мушоҳида кардан мумкин аст. Баробари тараққӣ ёфтани техника бархе одамон низ гӯё «тараққӣ» карда истодаанд. Наход инсон дар ватани худ ба камол расаду баъдан фирор карда, ба он хиёнат намояд? Интихоби дурусти зиндагӣ на ба ҳама муяссар мегардад.

Моро рӯз аз рӯз воҳима мегирад, ки дар оянда чӣ гуна зиндагӣ хоҳем кард? Дунёро ба назарамон олами терроризму экстремизм фаро гирифта истодааст. Ин ҳама аз дасти нохалафону ватанфурӯшон сарчашма мегирад. Наход ба қадри зиндагии дурӯзае, ки Худованд бароямон ҳадя кардааст, нарасем?

Аъзои гурӯҳҳои ифротӣ аз номи дини мубини ислом баромад намуда, номи мусулмононро дар олам доѓдор карда истодаанд. Пастфитратоне ба мисли Кабириву ҳаммаслаконаш ба ризқи мардуми бегуноҳ зомин мешаванд. Ба хотири «маблаѓҳои ночиз» гумон дорем, худфурӯшӣ ҳам карда истодаанд. Фикр намекунанд, ки бо ин кору амали ношоистаи худ ба ояндаи ҷавонон хати батлон кашида, рӯзи онҳоро сиёҳ месозанд. Инчунин, шарм накарда, дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ гӯё «фахр» карда, иштирок мекунанд. Шарм дор, Кабирии саѓира, ҳайфи номат, ки даюс ҳастиву ватанфурӯш. Туро бо ин амалҳоят ҷазоҳои сахт интизор аст. Рӯзе мешавад, ки мардуми тоҷик аз ту лаини номард қасоси худро хоҳанд гирифт.

Шаҳодат Сатторова,

омӯзгори гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2253
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13304
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6619
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7739009

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?